Дар Тоҷикистон як ширкати нави бима оғоз ба кор кард

© Sputnik / Амир ИсаевНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як ширкати нави бима аз Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввиз дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бо тасмими Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 16 феврал ширкати хусусии бимаи "Суғуртаи асри 21" барои оғози фаъолият муҷаввиз дарёфт кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии БМТ, ин ширкат ба бима кардани ихтиёрӣ, аз ҷумла, мавориди тасодуфӣ ва бемориҳо, дороӣ ва бимаи пизишкии ихтиёрии гардишгарон хоҳад пардохт.

Бонки миллии Тоҷикистон ин ширкатро дар феҳристи ягонаи давлатии ширкатҳои ҳирфаии бима шомил кардааст.

Лентаи хабарҳо
0