ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар назар дорад пас аз 10 сол 500 милюн дулореро, ки барои сохтусози нерӯгоҳи Роғун аз эътибордиҳандаҳои хориҷӣ дарёфт карда, пурра пас бидиҳад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
“Ҳукумати Тоҷикистон барномарезӣ карда, ки то соли 2028 вомҳояшро ба харидорони хориҷии вомбаргҳои давлатӣ бо дарсадашон пурра пардохт кунад. 500 милюн дулоре, ки аз фурӯши коғазҳои баҳодор ба даст омадааст, барои такмили сохтмони нерӯгоҳи барқобии Роғун ҳазина карда мешавад”, — гузориш додааст Вазорати молияи Тоҷикистон.
Ин ниҳод гуфта, ки шуруъ аз имсол дар будҷети давлатӣ ҳамасола барои пардохти ин вомҳо маблағи муайянеро дар назар хоҳанд гирифт. Кулли вомҳо ҳамроҳ бо дарсадашон дар солҳои 2025 – 2027 пардохт карда хоҳанд шуд.
То соли 2025 ба вомдиҳандагон танҳо дарсадҳоро пардохт хоҳанд кард. Ёдоварӣ мекунем, ки ин вомҳо бо нархи 7,1 дарсад дар сол гирифта шудаанд. Давлати Тоҷикистон дар назар дорад, ки ҳама вомҳояшро дар солҳои 2025 – 2027 ба вомдиҳандагон бар гардонад.