Назарбоев хати лотиниро расмӣ кард

© Фотохост-агентствоПрезидент Казахстана Нурсултан Назарбаев
Президент Казахстана Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алифбои нави Қазоқистон аз 32 ҳарф иборат аст, апостраф надорад ва ба он аломатҳои саҷовандӣ (sh, ch) ворид карда шудааст

ДУШАНБЕ. 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо имзои фармоне хати расмии кишварашро бо лотинӣ табдил дод. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Қазоқистон хабар медиҳад.

Алифбои нави Қазоқистон аз 32 ҳарф иборат аст, апостраф надорад ва ба он аломатҳои саҷовандӣ (sh, ch) ворид карда шудааст.

Пештар раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев фармон бароварда буд, ки хати расмии Қазоқистон давра ба давра лотинӣ гардонида шавад.

Афзун бар ин, бо мақсади гузариш ба хати дигар, вай қарор баровард, ки алифбои пешниҳодшудаи забони қазоқӣ тасдиқ шавад.

Пештар хабар дода шуд, ки Қазоқистон барои омода кардани филологҳо ва коркарди стандарти ягонаи ҳуруфоти лотинӣ дар солҳои 2017-2019 наздики 757,7 миллион танга (2,2 миллион доллар) сарф хоҳад кард.

Ба гуфтаи торихшинос Армен Гаспарян, Қазоқистон ҳангоми гузаштан ба хати лотинӣ ба мушкилиҳои муайяне дучор хоҳад шуд.

"Пеш аз ҳама тағйирот дар хат ба иқтисоди кишвар зарба хоҳад зад. Дар тӯли 70 сол тамоми китобҳои хониш ба ҳуруфоти сирилликӣ мунташир мешуданд. Барои ин кор маблағи зиёде лозим аст",- қайд мекунад вай.

Омили дувуми хатари гузариш ба ҳарфи дигар-ин иҷтимоӣ аст, мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи вай, қисме аз ҷамъияти Қазоқистон забони русиро қабул кардааст ва ин маънои онро дорад, ки ин дар оянда мушкилиеро ба пеш меоварад.

Лентаи хабарҳо
0