ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бахшида ба рӯзи касбии кормандони ҳайати дипломатии Туркманистон барномаҳои фарҳангию консертӣ ва конфронс зери унвони "Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ" баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳошияи таҷлили ин ҷашнвора гӯшаи фарҳангии намояндагони корпуси дипломатии муқими Ашқобод, аз ҷумла, кишварҳои масири Роҳи абрешим ороста шуд, ки дар он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод низ ширкат варзид.
"Асбоби мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллии тоҷикӣ, китобҳову маводи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон гузошта шуда, иштирокчиёни намоишгоҳ аз он дидан карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар қисмати дуюми барнома Конфронс зери унвони "Дипломатияи Роҳи бузурги абрешим: ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ! бо иштироки муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, намояндагони вакилони Маҷлис, роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ, инчунин муассисаҳои илмии олӣ, намояндагони расонаҳо ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни Конфронс роҳбарони ҳайати корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода суханронӣ карданд.
Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба таърих ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули Роҳи бузурги абрешим, аҳамияти он миёни кишварҳои минтақа ва умуман давлатҳои Шарқу Ғарб, инчунин доир ба муносибатҳои дуҷониба сухан гуфт.
Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи феврал дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти идонаи Оркестри созҳои халқии Театри миллии опера, рақс ва драмаи хитоии "Роҳи абрешим" баргузор гардида буд.
Барномаи консертӣ таҳти унвони "Ганҷинаҳои миллӣ" ба Соли нави чинӣ- Базми баҳор бахшида шуда, он аз ҷониби Хазинаи миллии санъати бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронида шуд.