Ваъдаи 100-ҳазорсомонии Аҳмадзода ба футболбозони "Хуҷанд" барои пирӯзӣ

Обуна шудан
Бозии дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва тими "Аҳал"-и Туркманистон имрӯз соати 14:00 дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дастаи "Хуҷанд" дар сурати дар бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО — 2018 бар дастаи "Аҳал"-и Туркманистон ғолиб гардидан аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мукофотпулӣ қадршиносӣ мешавад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, дар робита ба ин иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки футболбозони дастаи "Хуҷанд" дар бозӣ бо дастаи "Аҳал" маҳорати хуб нишон дода, мухлисонашонро шод мегардонанд.

Зикр гардид, ки дар сурати дар ин бозӣ ғолиб омадан, дастаи "Хуҷанд" аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадршиносӣ мешавад.

Телевизиони "Варзиш" имрӯз соати 14:00 бо вақти маҳаллӣ бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои "Хуҷанд"-и Тоҷикистон ва дастаи "Аҳал"-и Туркманистонро аз Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд ба таври мустақим намоиш медиҳад.

Пештар Федератсияи футболи Тоҷикисчтон хабар дода буд, ки  рақиби дастаи "Хуҷанд" дар Ҷоми КФО-2018 муайян гардидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, рақиби дастае, ки дорандаи медали нуқраи Қаҳрамонии Тоҷикистон аст, дар плей-оффи Ҷоми КФО-2018 дастаи футболи "Аҳал"-и Балканобод, дорандаи медали нуқраи Қаҳрамонии футболи Туркманистон гардид.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби ин ҷуфт ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои "Истиқлол"- и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон ва "Олой" —и Қирғизистон рақобат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0