ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Вебгоҳи Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯйхати ронандаҳои қонуншиканро мунташир кардааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 18-уми феврал тахминан соати 16:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар рӯ ба рӯи бинои №5-и кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ғоибова Рухсорамоҳ Ҳасановна, соли таваллудаш 1969, ҳамшираи шафқати беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб, сокини шаҳри Кӯлобро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
"Ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитса ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай-Старекс", Рустамов Исроил Анварович, соли таваллудаш 1986, ронандаи ҶСК "Нақлиёт", сокини шаҳри Ҳисор, дастгир карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Афзун бар ин дар давоми як ҳафта дар Душанбе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3750 қоидавайронкуниҳои дағалро ошкор карданд, ки 8 ҳолати он идораи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ будааст. Вебгоҳ рӯйхати ном ва акси ронандаҳои сархушро бо акси худравҳояшон мунташир кардааст.