Қарори Рустам Эмомалӣ: роҳкиро дар Душанбе гарон шуд

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе қарореро "Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе" ба имзо расонид

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, рӯзи гузашта раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он нархи роҳкиро дар пойтахт тағйир ёфт.

Бино бар иттилои манбаъ, нархномаи нав дар нақлиётҳои Душанбе аллакай аз 15 феврал ҷорӣ карда шудааст.

Ҳамин тавр, мувофиқи тарофаи тасдиқшуда, мусофирони троллейбусҳо барои як билет ба ҷойи 70 дирами пештара,1 сомонӣ пардохт мекунанд.
Нархи роҳкиро дар автобусҳо ва маршруткаҳо тағйир наёфтааст — 1 сомониву 20 дирам барои як билет, дар маршруткаҳо то охири хатсайр 1 сомониву 60 дирам ва то нимаи роҳ 80 дирам аст.

"Нархи роҳкирои автобусҳое, ки бо реҷаи экспресс фаъолият мекунанд 1 сомониву 50 дирамро ташкил медиҳад",- гуфта мешавад дар қарори шаҳрдорӣ.

Афзун бар ин,тавре дар қарор қайд мешавад, агар мусофирон дар автобус ва троллебусҳо аз кортҳои кӯтоҳмӯҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) истифода баранд, пас барои 4 ва 8 сафар — мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ билет харида мешавад.

Дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидорӣ шудани 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбусҳо барои донишҷӯён 30 фоиз ва барои дигарон 15 фоиз тахфиф пешниҳод карда мешавад.

Ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои наздишаҳрии шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути нақлиёти мусофирбарии ғунҷоишаш хурд ва миёна 2,00 (ду сомонӣ) муқаррар карда шуд, ки пештар он 1 сомониву 60 дирамро ташкил мекард.

Лентаи хабарҳо
0