Садама дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷони ду ҷавонро гирифту сеюмиро бистарӣ кард

© Sputnik / Табылды КадырбековДорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото
Дорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи як садамаи маргбор, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа рух додааст, ду ҷавон ҳалок ва сеюмӣ бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 19 фев— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии КҲФ, ин хабарро шоҳидон ба навбатдори вокуниши сареъи шаҳри Душанбе расонидааст.

Онҳо хабар додаанд, ки дар худрави пачақшуда ронанда ва мусофирон дар мондаанд. Пас аз чанде навбатдорони гуруҳи наҷот иборат аз шаш нафар бо техникаи махсус ба ҷойи ҳодиса расидаанд.

Вручение автомобилей Скорой медицинской помощи учреждениям здравоохранения Республики Татарстан - Sputnik Тоҷикистон
Пулиси рус ҷавони 20-солаи тоҷикистониро дар садама кушт

Ин садама дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Ба ҷойи ҳодиса расида, кормандони наҷот бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ дарҳои мошинро бурида боз намуда одамонро аз дохили он берун овардаанд.

"Бар асари зарбаи шадид ронандаи 28-сола ва як духтари 21-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, як мусофири дигари мошин, духтари ҷавон ҷон ба саломат бурд", — омадааст дар хабарнома.

Ин духтар ҷараҳоти хеле сахт бардошта дар бемористони ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст.

Манбаъ афзуда, ки кормандони БДА-и ВКД Тоҷикистон сабабҳои ин садамаро муайян мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин росто аз ронандагон хоҳиш менамояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо суръатро боло набаранд ва ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.

Лентаи хабарҳо
0