Милисаҳои тоҷик англисӣ ва ахлоқи муошират бо хориҷиёнро меомӯзанд

© Sputnik / Рубен ГарсияСотрудники МВД Таджикистана
Сотрудники МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар дастур дода, ки забони англисӣ ва ахлоқи муошират бо хориҷиёнро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор шуданд забони англисиро биомӯзанд, хабар медиҳад сухангӯи ВКД Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ.

"Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастур дода, ки забони англисӣ ва ахлоқи муошират бо хориҷиёнро аз худ кунанд", — гуфтааст Умарҷон Эмомалӣ.

Сотрудники МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Талоши милисаҳои тоҷик барои аз кор намондан: як раис дар ВУД 15 кило вазн партофт

Қайд мешавад, ки давраҳои омӯзишӣ мувофиқи ҷадвал дар соатҳои вижа гузаронида мешавад.

"Кормандони милиса вазифадоранд дар давраҳои омӯзишӣ дар вақти холӣ аз кор, ширкат кунанд. Аксари кормандони мо бо забони русӣ гап мезананд, албатта хуб мешуд агар онҳо камо беш бо гардишгарон ба забони англисӣ суҳбат кунанд", — қайд кардаст намояндаи ВКД.

Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистоон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди гардишгарӣ эълом карда буд.

Лентаи хабарҳо
0