Jubilee Arts: дар Маскав Ҷашнвораи ҳунарӣ баргузор шуд, кӣ ба даври навбатӣ роҳ ёфт

© © Sputnik / Евгений БиятовФестиваль искусств в честь Алмазного Юбилея Ага-Хана IV "Юбилейное творчество"
Фестиваль искусств в честь Алмазного Юбилея Ага-Хана IV Юбилейное творчество - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз бахтсанҷӣ барои сафар ба Урупо то нигористони ҳунар, рақсу суруд, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва тифлакони кӯчаки дорои истеъдодҳои бузург

ДУШАНБЕ, 19 фев— Sputnik. Нилуфар Некқадам, дар Маскав ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" даври минтақавии Ҷашнвораи ҳунарӣ баргузор шуд.

Даҳҳо овозхон, рассомон ва коргардонҳо ҳунари худро рӯзи 18 феврал дар Хонаи пионерон намоиш доданд.

Барои дастгирии ҳунармандон падару модар, хешу табор, ёру дӯстон ва мухлисон омада буданд. Аз дари даромад маълум буд, ки имрӯз толор пур мешаваду ҳунармандон саҳнаро  гарм мекунанд. Мардум барои ворид шудан ба толор навбат меистоданд.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия - Sputnik Тоҷикистон
"Jubilee mubarak": консерти бесобиқаи овозхонони тоҷику ҳиндӣ дар Маскав

Ин ҷо бо гирифтани ҳар як чипта посбонон қисме аз онро бурида ба қуттии вижае ҷой медоданд, то дар ниҳоят соҳибони чиптаи сафар ба Урупо муайян шавад. Ҳар кас бо ҳаяҷон чиптаашро дароз мекарду дар дил орзуи гашту гузор дар кӯчаҳои Урупоро мекард.

Озмуни минтақавии ҳунарӣ ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" аз се бахш иборат буд: якум-нигористони ҳунар, дуюм-ҷашнвораи филми ҳуҷҷатӣ ва сеюм шоу-истеъдодҳо. Бахши сеюм дар навбати худ аз қисмҳои зерин иборат буд: навозиш, рақси якка ва гурӯҳӣ, овозхонӣ ва ҳунарӣ эҷодӣ.

Дар озмун довталабони синну соли гуногун ширкат карданд. Дар давоми ду моҳ кормандони бахши фарҳанги созмони "Нур" ва ташаббускорони ин Ҷашнвора дар Русия,  бо қабули аризаҳои ширкат дар озмун ва баргузории даври интихобӣ машғул буданд.

Ва инак беҳтаринҳо ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанду дар сурати пирӯзӣ дар ин давр дар бахши ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, ширкат мекунанд.

Ҳунари довталабонро коршиносони соҳаҳои муфовиқ ба озмун, баҳогузорӣ карданд. Доварони озмун рассом ва коргардон Александр Шурихин, оҳангсози Русия ва зодаи Тоҷикистон Аҳмад Бақоев, хариографи хизматнишондодаи Тоҷикистон Лола Саидова, рассом ва ҳунарманд Раҳим Қодирӣ, шахсияти ҳунарӣ Роза Шакарова, рассом Сергей Романқулов, коргардон Толибшо Саодатқадамов, продюсер Фирӯз Шабдолов, коргардон ва наворбардор Филипп Фёдоров, рассом Юрий Зеленов, мустанадсози Шӯравӣ, сиёсатмадор ва фаъоли ҷамъиятӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистони Советӣ ва раиси доварони озмун, Давлат Худоназаров буданд.

Аз рассомӣ то кулолгарӣ

Дар ошёнаи дуюми Хонаи пионерон барои намоиши нигораҳои рассомон, аксҳои суратгирон, кӯзаҳои кулолгарон ва дигар навъи маҳсули дасти 20 ҳунарманд, макони хубе ҷудо шуда буд. Дар маркази толор нигораҳои рассомон ҷойгир буданду худи ҳунармандон ҳар яке дар назди офаридаҳояшон истода дар бораи нигораҳояш нақл мекарданд.

Шоназаров Бахтиёр зодаи деҳаи Вранги водии Вахони ноҳияи Ишкошим мебошад. Айни замон Бахтиёр узви рассомони Маскав ва донишҷӯёи соли чоруми бахши тарроҳии Донишгоҳи Давлатии Маскав аст.

© © Sputnik / Евгений БиятовХудожник Шоназаров Бахтиёр, архивное фото
Художник Шоназаров Бахтиёр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Художник Шоназаров Бахтиёр, архивное фото

Бахтиёр аз хурдӣ ошиқи табиати Помир бо кӯҳҳои осбомбус ва обҳои мусаффо ва тарзи зиндагии мардумаш шудааст. Ӯ мегуяд, ки мазҳ ҳамин зебогиҳои табиати ватанаш ӯро ба рассомӣ овардааст.

"Ман ҳар саҳар аз хона берун мешудаму фикр мекардам, ки чӣ гуна ман метавонам ин зебогиҳоро ҳифз кунам, бояд чӣ кор кунам ки Помир ҳамеша бо ман бошад, барои ҳамин тасмим гирифтам, ки рассом шаваму тамоми зебогиҳои ватанро ба дигарон намоиш бидиҳам",- гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Бахтиёр.

Вай ҳамчунин бо расмҳояш мехоҳад барои мардуми рус ва халқи ин минтақа симои мардуми тоҷикро ҳамчун халқи ҳунарманд ва боистеъдод нишон бидиҳад.

Барои озмуни ҳунарӣ ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" Бахтиёр ду расм омода кардааст, яке хонаи помирии асри 18-19 ва дигаре хонаи помирии муосир.

Ин расмҳо ба гуфти рассом сериёлӣ буда, яке дуюмиро пурра мекунад, вале дар ин росто ҳар яки он маънои амиқи худро дорад. Агар дар аввалаш торикӣ бартарӣ дошта бошад дар расми дуввумӣ рӯшноӣ тамоми хонаро пурнур кардааст.

"Ман чунин манзилро боре дар Афғонистон дида будам. Барои ҳамин маҳз чунин намуди хонаро ба тасвир додам".

Бахтиёр аз баргузории озмун изҳори шодмонӣ мекунад ва бар ин аст, ки чунин барномаҳо барои боз ҳам тақвият додани ҳунар ва ошноӣ бо дигар ҳамкасбон бисёр муфид аст. Бахтиёр аллакай чанде аз расмҳояшро фурӯхтааст ва гаронтаринашро ба нархи 1200 дулор харидорӣ кардаанд.

Нурия ҳамагӣ 12 сол дораду аллакай бо расмҳояш мардумро тасхир кардааст.

"Ин расми ман нест инро ман аз расми рассом Соколов рӯйбардор кардам", —шаҳр медиҳад ҳунарманди хурдакак.

Ва давом медиҳад, "ман аз хурдӣ ба расмкашӣ машғул ҳастам, маро бобоям омӯхт, вале фақат аз моҳи сентябри ҳамин сол ба мактаби рассомон меравам. Ман боз мехоҳам, рақс кунам, вале ҳоло вақт камӣ мекунад",-нақл кард Нурия.

© © Sputnik / Евгений Биятов "Юбилейное творчество" в честь Алмазного Юбилея Ага-Хана IV
Юбилейное творчество в честь Алмазного Юбилея Ага-Хана IV - Sputnik Тоҷикистон
"Юбилейное творчество" в честь Алмазного Юбилея Ага-Хана IV

Шамима 21 сол дорад ва аз шаҳри Тула барои ширкат дар озмун ба Маскав омадааст. Ӯ дар баробари нигораҳо ба кулолгарӣ хам машғул ҳаст. Шамима мехоҳад дар рассомӣ сабки вижаи худро дошта бошад, барои хамин барои тасвири манзарае ӯ аз кофе, қум саҳифаҳои маҷаллаҳо ва ғайра истифода мекунад.

"Ман мехоҳам хати худро ёбам, то ба дигарон монанд набошам", — гуфт Шамима.

Ҷашнвораи филмҳо

Дар ин бахш ду филми ҳуҷҷатӣ пешкаши тамошобинон ва ба баҳогузории доварон гузошта шуда буд.

Яке филми коргардон Ғуломназар Соҳибназаров, таҳти унвони "Ҷашни ҷуфтбаророн" буд, ки дар бораи фарорасии фасли баҳор мавсими кишту кор ва рӯзи хайри оғози ҷуфтбаророн қисса мекард. Дар ин филм бузургсолони кордон аз рӯи ҳисоби баданӣ (яъне шурӯъ аз нохуну кафи пою қоқлингу хамби зонуву сари зону то миён), вақти фаро расидани Соли нав яъне Наврузро пешгӯӣ мекарданд. Дар ин филм ҳамчунин дигар анъанаҳои мардуми Бадахшон дар остонаи ҷашни Наврӯз намоиш дода шуд.

Филми дуввумӣ аз коргардон Меҳмоншо Меҳмоншоев буда, ки "Биҳишт зери қудуми модарон", ном дорад. Дар ин филми ҳуҷҷатӣ наворҳои гуногун бо нақли занону мардони барӯманд дар бораи модар намоиш дола мешуду чеҳраҳои зебои модарон рӯи навор буд. Масалан ҷое як пирамарде дар бораи бузургии модар чунин нақл мекунад.

"Рӯзе чанд рафиқе дар манзили яке ҷамъ шуданду суол карданд, ки марди воқеъӣ кист? Ҳозирин ҳар яке пешниҳодҳои худро мегуфтанду яке мардонагиро ба шикорчӣ нисбат медоду дигаре ба паҳлавон сеюмӣ ба деҳқон. Вале аз миёнашон марде дар кунҷи хона нишаста буду чизе намегуфт, рафиқонаш аз ӯ пурсиданд, чаро ту чизе намегӯӣ оё ҷавобе надорӣ. Пас ин мард гуфт, ба фикри ман, мард он касест, ки модари худро дар пирӣ нигоҳубин мекунад".

Намоиши филми Мушкилкушо дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Қиссаи ишқи пок”: намоиши “Мушкилкушо” тамошобинони Маскавро ба ваҷд овард

Дар идомаи ин филм овозхонони номдори тоҷик Сурайё Қосимова бо забони русӣ суруди "Поговори со мною мама" (Модарам бо ман суҳбат бикун)-ро сароиду фалаксарои номдор Гулчеҳра Содиқова суруди "Дилам хоҳад равам бар сӯи модар"-ро бо ҷаззобияти хос иҷро кард.

Мардуми толор дар ин замон ҳама ба фикр фурӯ рафтаву гӯё аз нафаскашӣ боз монда буданд, чун овозе ҳам дар ин толор дар вақти фалаксории Содиқова шунида намешуд.

Бахши сеюми Ҷашнвора-шоуи истеъдодҳо

Дар ин бахш рақсу суруд ва ҳунари навозандагӣ пешкаши тамошобинон гардид.

Ҳар як ҳунарнамоиро тамошобинон бо рақсакҳо қадр мекарданду давомнокии қарсакзанӣ гуё барои ҳайъати ҳакамон ишорае ба беҳтар будани ин ё он ҳунарнамоӣ ишора мекард.

© © Sputnik / Евгений БиятовФестиваль искусств в честь Алмазного Юбилея Ага-Хана IV "Юбилейное творчество"
Фестиваль искусств в честь Алмазного Юбилея Ага-Хана IV Юбилейное творчество - Sputnik Тоҷикистон
Фестиваль искусств в честь Алмазного Юбилея Ага-Хана IV "Юбилейное творчество"

Дар умум дар бахши навозандагӣ ду номера пешкаши тамошобинон шуд, яке аз Аҷам Чакабоев ва ансамбли "Овози Помир" ва дигаре навозиши флейт дар иҷрои Афзалшоева Алина.

Дар бахши рақс раққосаҳо ҳунари рақсии намояндагони гуногуни ҷаҳонро пешкаш карданд. Нафаре рақси испонӣ карду, раққосае тамошобинонро бо рақси ҳиндӣ ба Ҳиндустон бурд ва гулдухтаре ҳам рақси рапойро пешкаши тамошобинон кард.

Рақсҳои гуруҳӣ бештар таҳти сурудҳои гурӯҳи Шамс иҷро шуданд.

Дар бахши овозхонӣ бештарини довталабон ширкат карданд. Дар умум 75 аризаи ширкат дар озмуни ҳунарии овозхонӣ пешкаш шудааст. Аз ин ҳисоб пас аз баҳогузории ҳакамон 25 довталаб ба бахши минтақавӣ роҳ ёфтанду ждар толори Хонаи пионеров ҳунарнамоӣ карданд.

Ин довталабон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, украинӣ суруд иҷро карданд.

Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4 - Sputnik Тоҷикистон
“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Пас аз ҳунарнамоии ҳамаи довталабон доварон барои баҳогузорӣ ба толори дигар баромаданд. Дар ин вақт бахтсанҷӣ оғоз шуд. Муҷриён бо даъвати се тифлакон ба саҳна қуттии муъҷизаноки пур аз рақамҳоро ба саҳна бароварданду се маротиба аз даруни он тифлакон се рақамро берун кашиданд.

Зимни эъломи ҳар як рақам дили тамошобинон сахт метапиду то муайян шудани ҷоизадор боз ором мешуд. Ҳамин тавр се нафари хушбахт ҳам муайян шуданду навбати эъломи барандагони озмун омад.

Ба саҳна доварон даъват шуданд. Ғолибони озмуни минтақавиро раиси доварон Давлат Худоназаров эълом кард.

Пеш аз эъломи ғолибон Давлат Худоназаров "шом ба хайр"-гӯён ба толор муроҷиат карду бо муроҷиат ба созмондиҳандагони ин Ҷашнвора даъват кард, ки чунин озмунро соле як бор баргузор кунанд.

"Шоми имрӯз бароям замони кӯдакиамро ба ёд расонд, вақте барои интихоби беҳтарин ҳунармандон ҳама аз ноҳияҳои гуногун ба Хоруғ омада буданд. Барои ҳамин ман фирк мекунам, ки шоми имрӯз идомаи ҳамон озмуни хуш аст. Ман мехостам ба баргузоркунандагони ин озмун муроҷиат кунаму бигӯям, ки бигзор новобаста аз ҷашнҳои бузург агар имкон бошад ҳар сол, нашавад, аққалан дар ду сол маротибае чунин озмунҳо барои мардуме, ки ба тамоми қиниҳои зиндагӣ ва дурӣ аз ватан нигоҳ накарда кӯшиш мекунанд, ҳунари худро ин ҷо пешкаш кунанд, баргузор карда шавад.

"Он замон мо ҳам метавонистем барои баргузории ин озмун як барномаи мукаммалро барои баҳогузорӣ омода кунем ва шояд рақсҳои тӯӣ бо дафу доира, ки мутассифона имрӯзҳо дар ҷое иҷро намешавад аз сар рӯи саҳна гузошта мешуд",-гуфт Давлат Худоназаров ва дар охир ба ҳамаи доварон барои баҳогузорӣ ва ба ҳамаи довталабон барои ширкат изҳори сипос кард.

Киҳо ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд?

Ҳамин тавр бо эъломи доварон дар бахши нигористони ҳунар ҳашт довталаб ба даври дигари озмун" роҳхат гирифтанд: инҳо, Асалбеков Ҳабиб бо расми "Нури охирин", Рустам Собиров бо расми "Осиёб", Маҳтобшо Майбалиев-"Ҷудоӣ", Юсупова Шамима-"Колод", Мамаднодирхонов-"Синфи чорум", Давлатназаров бо расми "Помир" ва аксбардор Рухсора Ҳайдаршоева бо сурати "Духтар".

Дар бахши рақси якка Анжела Ақдодова ва дар бахши рақси гурӯҳӣ ансамбли "Парӣ" аз шаҳри Санкт-Петербург ба даври навбатӣ гузаштанд.

Дар бахши шоу-истеъдодҳо, Орзузода Амонбегим, Орзу Аломатов, Эроншоев Одилшо ва Чақабоев Аҷам ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.

Филмҳои ҳуҷҷатӣ бошад ҳар ду дар ин давр пирӯз шуданду боз дар даври навбатӣ ширкат мекунанд.

Ба гуфти Аслишо Акимбеков, раҳбари бахши фарҳангии созмони "Нур" ва яке аз масъули ин Ҷашнвора замони баргузории даври ниҳоии Ҷашнвораи  "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" тобистони соли 2018 аст, вале макони баргузорӣ ҳоло дар ҳоли баррасист.

Лентаи хабарҳо
0