Коршинос: Русия намегузорад, ки дар Осиёи Марказӣ “Давлати исломии” наве ташкил шавад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкВиталий Наумкин, архивное фото
Виталий Наумкин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳеч созмони нави “Давлати исломӣ” дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳампаймон бо Русия ташкил нашудааст, мегӯяд Виталий Наумкин, раҳбари илмии Пажӯҳишгоҳи Ховаршиносии Фарҳангистони улуми Русия

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. “Давлати исломии” наве дар Осиёи Марказӣ ташкил нашуда ва нахоҳад низ шуд, таъкид мекунад Виталий Наумкин.

“Наметавон аз пайдо шудани созмони нави ДОИШ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳампаймон бо Русия гуфт. Мо иҷоза нахоҳем дод, ки чунин созмоне падид ояд. Манзур аз “ДОИШ дар Осиёи Марказӣ” гурӯҳҳое аз ҷангҷӯёни шикастхӯрда ҳастанд, ки аз Сурия ба Афғонистон фирор мекунанд”, — тавзеҳ дод коршинос.

Демонстранты с флагом ИГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ кас дар вилояти Хатлон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ боздошт шуданд

Вай гуфт, ки имрӯзҳо дар Афғонистон чанд гурӯҳ аз ҷангҷӯёни фирорӣ ҷамъ омада, ки ҳар кадоме 3 то 4 ҳазор ҳаросафканро дар бар мегирад.

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд посбонии марз бо Афғонистонро нерӯмандтар кунанд то аз рахна шуданаш аз сӯи ҷангҷӯён пешгирӣ кунанд, мегӯяд Наумкин.

Чанде пеш раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам гуфта буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дар мубориза бо вуруди ҷангҷӯён аз Сурия ба ин минтақа ҳамдаст бошанд.

Вай таъкид карда буд, ки Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хостори амнияту субот дар Афғонистон ҳастанд.

“Афғонистон ҳамсояи наздикамон аст ва мо метавонем аз сарзамини он кишвар ба бозорҳои Покистону Ҳинд роҳ ёбем”, — гуфта буд Назарбоев.

Лентаи хабарҳо
0