Муҳоҷире аз Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аз бом афтоду ҷон бохт

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЧистка крыши от снега, архивное фото
Чистка крыши от снега, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин шаҳрванди Тоҷикистон боми яке аз сохтмонҳоро дар Санкт-Петербург аз барфу шӯша пок мекардааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Коргаре аз Тоҷикистон ҳангоми пок кардани бом аз барфу шӯша дар хиёбони Марат дар Санкт-Петербург аз бом афтодаву ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Идораи Кумитаи бозҷӯии он шаҳр.

“Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қисми 2 моддаи 216 КҶ ФР (риоят кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои кӯҳканӣ, сохтмонӣ ва ё дигар намудҳои он), дар робита ба ошкор кардани ҷасади марде дар назди бинои кӯчаи Марата дар таърихи 16 феврал, ки соли таваллудаш 1975 аст, боз карда шуд… Ҳалокшуда дар ин нишонӣ машғули пок кардани бом аз барфу ях буд, ки дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ, аз сақфи бино ба рӯи асфалт афтоду ба ҳалокат расид”, — гуфта мешавад дар гузориш.

Ба гузориши хабаргузориҳои петербургӣ, марди ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Дар айни ҳол, муоинаи додгоҳӣ-пизишкӣ таъйин шудааст, ки тибқи он ҷузъиёти ҷон бохтани ин мард муқаррар карда мешавад.

Охири моҳи декабри соли гузашта дар Маскав ҳангоми афтодани ҷарсақили бурҷ дар сохтмоне, муҳоҷирони кории Тоҷикистон осеб дида буданд.

Ин ҳодиса дар яке аз сохтмонҳое дар ғарби Маскав, дар минтақаи Тропарево-Никулино рух дода буд. Ҷарсақили бурҷи қариб 20 метра бар рӯи вагонҳои зисти коргарон афтода буд. Сабаби афтодани ҷарсақил то ҳанӯз маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0