ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.Тавре Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, як волонтёри ҷавон, донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон Амир Ӯрунов ба ҳайси Сафири ҷавони Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос Айрес — 2018 (Аргентин) интихоб гардидааст.
Бино бар иттилои мнбаъ, Ӯрунов дар ду давраи озмуни интихобии намояндаи Тоҷикистон дар бозиҳои олимпӣ ғолиб омада, пирӯз шудааст.
"Дар озмуне, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон эълон намуд, ҳуҷҷат супурдам ва интихоб гардидам. Сипас, ҳуҷҷатҳоямро ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешниҳод кардам",- мегӯяд худи донишҷӯи тоҷик.
Бояд қайд кард, ки дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ барномаи "Young change-makers" амал мекунад. Бахшида ба ҳар як бозиҳои олимпӣ байни наврасон дар 2 сол як маротиба сафирони ҷавон аз тамоми кишварҳо интихоб мешаванд.
Сафирон дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба воситаи варзиш изҳори ғамхорӣ нисбат ба якдигар ва дӯстӣ саҳм мегузоранд.
Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон 6-18 октябри соли равон дар Буэнос Айреси Аргентина баргузор мешавад. Варзишгарони навраси тоҷик дар ин бозиҳо сазовори ду медал гардидаанд. Соли 2010 дар аввалин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур Баҳодур Қодиров дар намуди гуштини озод медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таеквондо медали биринҷӣ ба даст овардаанд.