ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон барои муайян кардани нарзхи интернет изҳороти "Тоҷиктелеком"-ро интизор аст, хабар медиҳад ТоҷикТА.
Қайд карда мешавад, ки оператори миллӣ бояд нархи фурӯши интернетро ба провайдерҳо муайян кунад.
Дар навбати худ, ширкатҳое, ки хидматҳои интерентӣ мерасонанд, изҳор дошта буданд, ки маҷбур ҳастанд интернетро аз "Тоҷиктелеком" бо нархи 51 ҳазор доллар барои як гигабит бе молиёти бар арзиши афзуда харидорӣ кунанд.
Идораи зиддинҳисории Тоҷикистон ба опреторҳои мобилӣ ва расонандаи хадамотҳои интернетӣ дар ин маврид мактуб навишата, хоҳиш кардааст, ки дар ин мавзӯъ фикри худро баён кунанд.
Ёдрас мешавем, расонандаи хадамоти интернетӣ миллии Тоҷикистон "Тоҷиктелеком", ки ширкати зертобеи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ҳоло ба тамоми расонандаҳои хадамоти интернетӣ ва ширкатҳои мобилӣ интернет мефурӯшад ва ба онҳо мамнуъ кардааст, ки аз дигар кишварҳо худсарона интернет харидорӣ кунад. Дар ин ҳол "Тоҷиктелеком" тарифҳояшро барои хизматрасонӣ ва дастрасӣ ба интернет то 20% арзон кардааст.