Пеш аз сафари Мирзиёев: Тоҷикистону Узбакистон протоколи марзиро имзо карданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТаджикско-кыргызская граница. Архивное фото
Таджикско-кыргызская граница. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Узбакистон марзи боқимондаро аломатгузорӣ кардаву дар натиҷа протоколро имзо карданд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Аз 7 то 16 феврали соли 2018 дар шаҳри Ҷиззахи Узбакистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбакистон баргузор гардидааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни музокирот, ки дар пешомади вохурии сатҳи олии Тоҷикистону Узбакистон доир гардид, ҷонибҳо муайянсозии гузариши хати сарҳади давлатиро дар қитъаҳои боқимондаи он идома доданд.

Манбаъ афзуда, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ гузашту аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

Ёдовар мекунем, ки сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар авоили фасли баҳор дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0