ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ин номаро раисҷумҳур дирӯз, 15 феврал ба Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намудаааст, хабар мндиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар номаи таслияти раисҷумҳур Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон аз ҷумла омадааст:
"Ҷаноби Олӣ, хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои иёлоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳи бепоён дарёфтам.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам".
Ёдоварӣ мекунем, ки дирӯз як ҷавони 19-сола дар Флорида ба мактабе, ки дар он таҳсил карда буд, омада ба муаллимону толибилмон бо силоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа 17 тан кушта шуданд.
Сабабҳои даст ба чунин ҷинояти вазинин задани ҷавон маълум нест. Гуфта мешавад, ӯро пештар бо далеле аз ҳамин мактаб хориҷ карда буданд.