ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Созмони умури изтирории Афғонистон дирӯз, 15-уми феврал дар нахустин нишасташон роҳу чораҳои мудирияти авзоъи изтирорӣ ва вокуниш ба балоҳои табиӣ дар манотиқи ҳаммарзро баррасӣ карданд.
Ба гузориши равобити умумии КҲФ ҶТ, ин нишаст дар чорчӯби иҷрои тарҳи “Таҳкими зарфиятҳо ва коҳиши хатари балоҳо” баргузор шуда, ки миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи рушди СММ моҳи сентябри соли 2016 имзо шудааст.
Дар ин нишаст таҳия ва имзои тавофуқномаи ҳамкорӣ, таҳкими зарфиятҳои системи мудирият дар авзоъи изтирорӣ дар Афғонистон, омодасозии коршиносони имдодрасонӣ дар Тоҷикистон, таҳияи ва тасвиби нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба то соли 2022 барои бунёди анборҳо дар ноҳияҳои марзии вилоятҳои мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон бо Афғонистон барои нигаҳдории корафзорҳои кумаки аввалия дар умури изтирориро барасӣ карданд.
Дар поёни нишаст суратҷаласаи мулоқот, Нақшаи ҳамкориҳои муштарак дар соли 2018 тасвиб шуд. Ҳамчунин ниҳодҳо барои баргузории мулоқоти дуҷониба дар соли 2019 ба мувофиқа расиданд.