ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ҳангоми бозгашт аз осоишгоҳи "Хоҷа Оби гарм" 4 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расидаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми феврали соли равон, соати 18:10 дар наздикии Хоҷа Обигарми ҷамоати Варзоб-Қалъа мошини тамғаи "Хонда-Серви" ба чуқурии 420 метр фурӯ рафт.
"Бар асари он чор нафар мусофирон ва ронандаи мошин ба ҳалокат расиданд",- гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Дар амалиёти ҷустуҷӯ наҷотдиҳадагони Раёсати хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва кормандони ВКД Тоҷикистон муштаракан ширкат карданд. Ҷасади 3 нафар аз қурбониён пайдо шуд ва ҷустуҷӯи шахси чорум идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хатарноки куҳӣ худдорӣ кунанд ва ронандагон ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо аз эҳтиёт кор гиранд ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.
"Хатари яхбандӣ, барфи шадид, тарма ва сангрезиш идома дорад! Эҳтиёт кунед!",- ҳушдор медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.
Едрас мешавем, панҷшанбе, 15 феврал дар паи фурӯ рехтани тарма дар 69-ум килуметри роҳи Душанбе-Хуҷанд ду худрав зери барф монданд. Кормандони КҲФ дар паи амалиёти имдодрасонӣ ҳафт мусофири ин худравҳоро зинда аз зери тарма берун оварданд.
Имдодгарон ба тармазадагон ёрии аввалияи пизишкӣ расондаву онҳоро ба маҳалли амн бурдаанд.
Рӯзи гузашта ҳамчунин дар чанд ҷо аз бузургроҳи Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб — Кулма — Қароқурум низ тарма фурӯ рехтаву роҳро баста аст. Чунончи, роҳи Хоруғ — Душанбе дар рустоҳои Ёгед, миёни Деҳ ва Шипад, Қалот ва Пастхуф дар паи фурӯ рехтани тарма баста шуда ва милаҳои хатти барқ шикаста шудаанд.
Тавре кумита меаязояд, бар асари боришоти шадид дар қаламрави куҳистонии кишвар хатари лағзиши тарма ва сангрезиш боқӣ мондааст. Вазъ дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим бештар хатарнок шудааст.