ДУШАНБЕ, 15 фев— Sputnik. Ин дидор имрӯз, 15 феврал баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити уумии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 15-феврал муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Исматулло Насредин Роҳбари ҳайати Намояндагии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССва ҲА) дар Осиёи Марказӣ хонум Баярмаа Лунтан дидору мулоқот кардааст.
Зимни cуҳбат масоили фаъолияти ФБҶСС ва ҲА дар ҷумҳурӣ, барномаҳои расонидани кӯмакҳои башардӯстона, фарогирии ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин тарафҳо масъалаи баланд бардоштани иқтидори Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмарро дар Тоҷикистон муҳокима кардаанд.