ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Рӯзи ошиқон ситораҳои Украина ба хабарнигори маҷаллаи lemonade.style нақл карданд, ки аз ҳама тӯҳфаи беҳтаринашон дар Рӯзи ошиқон кадом буд.
Ҷонибек Муродов-ҳунарманди номдори тоҷик, ки бо сафари ҳунарӣ дар Украина қарор дорад, низ дар ин пурсиш ширкат кардааст ва аз таҷрибаи худ нақл намудааст.
Ҷонибек Муродов мегӯяд, замоне ошиқи як арабдухтар шуда буд ва дар фикри он буд, ки тӯҳфаи беҳтарине барояш ҳадя кунад.
"Ман романтикаро дӯст медорам- ин дар хуни ман аст. Боре ба як духтари араб ошиқ шуда будам. Он вақт дар бораи урфу одатҳои миллати вай маълумоти каме доштам ва бар он будам, ки аз ҳама тӯҳфаи беҳтарин бояд калон ва рамзӣ бошад",- мегӯяд вай.
Ба гуфтаи ҳунарманд, ӯ барои амалӣ кардани орзуи худ, ба хулоса омад, ки ба дӯстдоштааш уштури сафеде ҳадя мекунад.
"Барои ҳамин ман як уштури сафедеро харида, бо гулҳо оро додам ва ба назди манзили онҳо бурдам. Метавонед, ба худ тасаввур кунед, ки онҳо ин тӯҳфаи маро чӣ гуна қабул карданд?! ",- қайд кардааст ӯ.
Ба гуфтаи Ҷонибек Муродов, ҳарчанд духтари араб ҳамсафари ҳаётиаш нагашт, аммо ин тӯҳфа ва ин Рӯзи ошиқон дар хотирашон дурудароз хоҳад монд.
"Оилаи онҳо ҳарчанд зодаи Аморати Муттаҳидаи Араб бошад ҳам, як умр дар Амрико зиндагӣ мекарданд ва худи он духтар дар Лондон таҳсил мекард. Тӯҳфаи ошиқонаи ман тамоми умр дар хотири ман ва он духтар хоҳад монд",- афзудааст вай.
Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта дар Тоҷикистон ва дар бештари кишварҳо мардум Рӯзи ошиқонро ҷашн гирифтанд. Ҳарчанд, дар Тоҷикистон бархе аз афроди ҷамеа зидди таҷлили ин ҷашн баромаданд, бештари шаҳрвандон, бахусус ҷавонон дар ин рӯз якдигарро муборакбод гуфтанд.
Ҷонибек Муродов ба наздикӣ хабар дод, ки дар Киев намоҳанги тозае сабт кардааст.