Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бонувони ҳунарманд 200 ҳазор сомонӣ грант медиҳад

© Фото : пресс-служба президента РТТаджикские женщины в одежде из атласа
Таджикские женщины в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳокимияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бо ҷойи кор таъмин намудани ҳунармандон ва бонувону духтарон дар соли равон дар ҳаҷми 200 000 сомонӣ маблағи грант таъсис додааст

ДУШАНБЕ, 14 фев— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин бора раиси ноҳия Зариф Назирӣ дар маросими намоишгоҳи ҳунарҳои миллии ниёгон, ки чанде пеш дар ҷамоати Хистеварз баргузор гардидааст, иттилоъ додааст.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дастгирии Шумо ҳунармандон омода аст, ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намояд то ин, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз иқдоми неки Пешвои миллат дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ бархурдор бошад. Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ду марҳила ҷудо карда шуда, ҳунармандон метавонанд аз он бархурдор бошанд ва лоиҳаҳои худро пешниҳод созанд", — гуфтааст Зариф Назирӣ.

Дар ин росто мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани ҳунармандон ва бонувону духтарон, рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли равон дар ҳаҷми 200 000 сомонӣ маблағи грант таъсис додааст.

Ба гузориши манбаъ дар ҳоли ҳозҳир дар ҳудуди ноҳия беш аз 50 навъи ҳунарҳои мардумӣ рушд мекунад ва беш аз ҳафт ҳазор нафар бо ҳунармандӣ машғул ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0