Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони Гвардияи миллӣ хона дод

© Фото : Пресс-служба президента РТОткрытие новой школы в Хатлоской области
Открытие новой школы в Хатлоской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохтмони иқоматии панҷошёнаро барои хонаводаҳои афсарони Гвардияи миллӣ ба баҳрабардорӣ расонд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин манзилҳо ба муносибати таҷлили солгарди 25-уми Қувваҳои мусаллаҳ ба афсарон тақдим шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дар муддати ду сол бо сифати баланд ва бо тарҳи замонавӣ анҷом ёфта, он аз 60 ҳуҷраи иқоматӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 25 нақлиёт ва майдончаи кӯдакона иборат мебошад.

Аз шумораи умумии ҳуҷраҳо 4 ададаш сеҳуҷрагӣ, 32 дуҳуҷрагӣ ва 24 хонаи якҳуҷрагӣ мебошад.

Бинои мазкур бо сарфи наздики 17 миллион сомонӣ дар давоми солҳои 2014-2017 бунёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда, ба кори сохтмончиён баҳои сазовор дода аз сокинони хуштолеъ — афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон даъват кардааст, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.

Лентаи хабарҳо
0