Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© PixabayЗонтик, архивное фото
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 14 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.

Замерший пруд в ботаническом саде, Боги Ирам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, боришоти сахти борон пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешбинӣ мешавад. Бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  шабона 0-5 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0