Бозори "Шоҳмансур" (маъруф ба "Зелений") соли 2017 бо фармони шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ тахриб шуд.
Бозори "Шоҳмансур" масоҳати байни кӯчаҳои Хусрави Деҳлавиву Нисори Муҳаммадро дар бар мегирифту, аз ғарб бо хиёбони Лоҳутӣ маҳдудият меёфт.
Ин воқеан як бозори шарқӣ буд, ки ҳаррӯза ба он ҷо на танҳо сокинони Душанбешаҳр, балки меҳмонони пойтахт низ барои харидани маҳсулоти тару тоза меомаданд, зеро "Шоҳмансур" яке аз маконҳои дилрабову диданибоби шаҳр нипз буд.
Дар бозори марказии шаҳри Душанбе навъҳои гуногуни маҳсулот фурӯхта мешуд: кулчаҳои гарму нарм, чормағзҳо, меваҳои тару тоза, сабзавот, адвияҷот, шириниҳои шарқӣ, матоъҳои бо нақшу нигори миллӣ, либос, савғот ва бисёр чизҳои дигар.
Бисёриҳо, хусусан тоҷирон, мутаассифанд, ки Шоҳмансурро тахриб кардаанд, вале Душанбе боз ҳам тозатару муосиртар шуд. Барои осонии кори сокинон дар ҷойи он маркази бисёрҷанбаи тиҷорат бунёд хоҳад ёфт.