Рӯзи ошиқонро дар Душанбе чӣ гуна таҷлил карданд?

Обуна шудан
Имрӯз қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ошиқонро ҷашн мегиранд. Ошиқон ба ҳамдигар тӯҳфа медтҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки вақташонро бо ҳам гузаронанд

Дар Рӯзи Валентин фурӯшандагон имкони шод намудани муштариёнашонро бо пешниҳодҳои шавқовар аз даст намедиҳанд ва, албатта, даромад аз фурӯши маҳсулоти қандӣ-гулдастаӣ хоҳанд бардошт.

ар остонаи 14-уми феврал бисёриҳо дар пайи таҳияи тарҳҳо ва саҳмҳои бениҳоят бузург мешаванд. Махсусан ин бор бунгоҳи шодмонии "О'Бале", ки тасмим гирифтааст ба "дилҳои танҳо" имкони ёфтани муҳаббати худро диҳад.

"Бунгоҳи мо худ ба худ барои тӯҳфаи бахт офарида шудааст, аммо ин дафъа тарҳи озмоишии "Дӯстёбии шитобон"-ро роҳандозӣ намуда, тасмим гирифтем, ки, агар чунин гуфта шавад, дар ибтидои ин эҳсосоти зебо қарор гирем. Ин фикри нав нест — speed dating, яъне дӯстёбии шитобон, 20 соли пеш дар Ғарб ба вуҷуд омада буд, вале дар Тоҷикистон ин, албатта, чизи наве хоҳад буд", — гуфт ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи "О'Бале" Фарангис Исомова.

Ҳамин тавр, то 14-уми феврал оҷонсӣ 20 нафар зану мардро аз Душанбе ҷамъ мекунад, ки дар назди онҳо имкони во хӯрдани нисфҳои дигари дӯстдоштаашон пайдо хоҳад шуд. Иштирокчиёнро дар ин шакли вохӯрии якум, чун қоида, аз рӯи манфиатҳои умум, категорияи синну сол ва ҳолати мақомии кунунияшон интихоб мекунанд.

"Тарҳро шурӯъ намуда, мо, ростӣ, таваҷҷӯҳи хосеро интизор набудем, чунки зеҳнияту анъанаҳои Тоҷикистон барои чунин намуди шиносоӣ на он қадар муносибанд. Аммо бо шигифтии олӣ мехоҳам гӯям, ки хоҳишмандон моро аризаборон карданд. Дар байни онҳо махсусан он нафароне буданд, ки синнашон аз 30 зиёд буд. Бисёре аз онҳо дар гузашта таҷрибаи на он қадар хуби ҳаёти оилавӣ доранд. Мардони бисёре ҳастанд, ки ҷудо шудаанду кӯдакдоранд", — мегӯяд ӯ.

© © Sputnik / Амир ИсаевКорти Валентин, акс аз бойгонӣ
Корти Валентин, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
1/8
Корти Валентин, акс аз бойгонӣ
© © Sputnik / Амир ИсаевФурӯшгоҳи тӯҳфаҳо ба Рӯзи ошиқон оро дода шуданд
Фурӯшгоҳи тӯҳфаҳо ба Рӯзи ошиқон оро дода шуданд - Sputnik Тоҷикистон
2/8
Фурӯшгоҳи тӯҳфаҳо ба Рӯзи ошиқон оро дода шуданд
© © Sputnik / Амир ИсаевФурӯшандае дар кӯчаҳои Душанбе пуфак мефурӯшад
Фурӯшандае дар кӯчаҳои Душанбе пуфак мефурӯшад - Sputnik Тоҷикистон
3/8
Фурӯшандае дар кӯчаҳои Душанбе пуфак мефурӯшад
© © Sputnik / Амир ИсаевФурӯшгоҳҳо барои ҷалби бештари муштариён тахфиф эълон мекунанд
Фурӯшгоҳҳо барои ҷалби бештари муштариён тахфиф эълон мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
4/8
Фурӯшгоҳҳо барои ҷалби бештари муштариён тахфиф эълон мекунанд
© © Sputnik / Амир ИсаевДар пурсише занҳо гуфтаанд, барояшон беҳтарин тӯҳфа корти корти Валентин ва гул аст
Дар пурсише занҳо гуфтаанд, барояшон беҳтарин тӯҳфа корти корти Валентин ва гул аст - Sputnik Тоҷикистон
5/8
Дар пурсише занҳо гуфтаанд, барояшон беҳтарин тӯҳфа корти корти Валентин ва гул аст
© © Sputnik / Амир ИсаевТӯҳфаҳоро метавон на танҳо барои дӯстддошта харид, балки наздикону дӯстони худро метавон бо ин рӯз табрик кард
Тӯҳфаҳоро метавон на танҳо барои дӯстддошта харид, балки наздикону дӯстони худро метавон бо ин рӯз табрик кард - Sputnik Тоҷикистон
6/8
Тӯҳфаҳоро метавон на танҳо барои дӯстддошта харид, балки наздикону дӯстони худро метавон бо ин рӯз табрик кард
© Sputnik / Амир ИсаевҲар як духтар орзу дорад, ки дар ин ҷашн дӯстдоштааш ба ишқаш иқрор шавад
Ҳар як духтар орзу дорад, ки дар ин ҷашн дӯстдоштааш ба ишқаш иқрор шавад - Sputnik Тоҷикистон
7/8
Ҳар як духтар орзу дорад, ки дар ин ҷашн дӯстдоштааш ба ишқаш иқрор шавад
© © Sputnik / Амир ИсаевМаъшуқе аз дасти ошиқе тӯҳфа мегирад
Маъшуқе аз дасти ошиқе тӯҳфа мегирад - Sputnik Тоҷикистон
8/8
Маъшуқе аз дасти ошиқе тӯҳфа мегирад
Лентаи хабарҳо
0