Нархи бензин, пӯшок ва масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст

© Sputnik / Стас ЭтвешДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Миллии Тоҷикистон дар навтарин гузоришаш мизони таваррум дар кишварро эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Бино бар ин гузориш, мизони таваррум дар моҳи январи соли 2018 дар Тоҷикистон 0,4 дарсад будааст. Бонки миллӣ ёдоварӣ карда, ки рушди мизони таваррум дар 12 моҳи ахир 6,5 дарсад буд.

Таваррум дар моҳи январ ба нархи маводди ғайриғизоӣ ва хидматрасониҳо вобаста будааст. Чунончи, арзиши хидматрасониҳои пулӣ 2,9 дарсад гарон шудааст. Ҳамчунин нархи бензин дар кишвар гарон шуда, ки гарон шудани мусофирбариро низ дар пай доштааст. Аз ҷумла, нархи билети ҳавопаймо дар масири Душанбе – Маскав 82,2 дарсад гарон шудааст.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ захираҳои арзии Тоҷикистонро дучандон афзуд

Ҳамзамон нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,1 дарсад ва нархи маҳсулоти хӯрокворӣ низ 0,1 дарсад арзон шудааст. Вале бензин дар ин муддат 1,1 дарсад гарон шудааст. Нархи хӯрокворӣ дар паи 1 дарсад арзон шудани нархи орди навъи якум ва 0,4 дарсад арзон шудани нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ коҳиш ёфтааст.

Бонки миллӣ барномарезӣ карда, ки дар соли 2018 мизони таваррумро дар сатҳи 7 дарсад нигаҳ дорад.

“Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию қарзии шаффоф ва пайгиронаро амалӣ мекунад, ки он тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ, пеш аз ҳама меъёри бозтамвил барои танзими ҳаҷми пул ҷиҳати бартараф намудани таъсири фишорҳо ба сатҳи нархҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба ҳадафи мақсадноки таварум равона мегардад”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Лентаи хабарҳо
0