Рекордшиканӣ: Тоҷикистон беш аз 5 тонна тилло дар сол истихроҷ кард

© Sputnik / Валерий Титиевский / Гузариш ба медиабонкЗолото
Золото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2017 дар Тоҷикистон 5,5 тонна тилло истихроҷ шуда, ки 11,2 дарсад бештар аз соли 2016 аст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар чаҳор соли гузашта истихроҷи тилло дар Тоҷикистон ҳамасола 20 дарсад афзоиш меёбад, гуфт вазири саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон Шавкат Бобозода.

“Соли 2017 ширкатҳои истихроҷӣ дар Тоҷикистон 5,5 тонна тилло тавлид кардаанд, ки 11,2 дарсад бештар аз соли 2016 аст”, — гуфт Бобозода дар нишасти хабарӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе.

Золото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати истихроҷи тиллои “Зарафшон” дубора оғоз ба кор кард

Вазири саноеъву фанновариҳо афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон кулли тиллои истихроҷшуда дар кишварро харид кардааст.

Вай ҳамчунин гузориш дод, ки дар чаҳор соли гузашта миёнгини афзоиши истихроҷи тилло дар Тоҷикистон 20 дарсад будааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин рақам метавон пешбинӣ кард, ки дар соли 2018 дар кишвар 6,6 тонна тилло истихроҷ хоҳад шуд.

Вазорати саноеъву фанновариҳо дар назар дорад, ки бо баҳрагирӣ аз зарфиятҳои нави тавлидӣ истихроҷи тиллоро то соли 2022 ба 16,8 тонна дар сол афзоиш диҳад.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш бузургтарин ширкати истихроҷи филиззҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон – ширкати муштараки тоҷикиву чинии “Зарафшон” пас аз исти кӯтоҳмуддате дубора оғоз ба кор кард. Ин корхона 70 дарсад аз кулли тиллои истихроҷшуда дар Тоҷикистонро тавлид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0