Дар Австралия ҳам аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ёд хоҳанд кард

Обуна шудан
Дар толори синамои Донишгоҳи Гриффит (Griffith) ба ёди гиромидошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири беназири ҷаҳонӣ устод Рўдакӣ ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ бо созу мусиқӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар Австралия ҳам аз устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ёд хоҳанд кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 17 феврали соли равон дар шаҳри Брисбени (Brisbane) Австралия ҳамоиши бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ, ин нобиғаи ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Ин ҳамоиш аз ҷониби созмони фарҳангии "Шаҳоб" (шабҳои ҳунар ва адабии Брисбен) дар ҳамкорӣ бо Анҷумани донишҷӯёни Донишгоҳи Гриффит (Griffith) баргузор мешавад. Дар ҳамоиш роҷеъ ба Рўдакӣ суханрониҳо сурат гирифта, хониши шеър аз ашъори устод ва сурудҳо бар ашъори шоир низ садо хоҳанд дод.

"Дар  Австралия муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои форсизабон зиндагонӣ мекунанд. Онҳо ба ҷашнҳои мардумии Наврўз, Меҳргон ва Сада арҷ гузошта, ҳар сол онҳоро таҷлил менамоянд", гуфта мешавад дар хабар.

Вечер Таджикской поэзии - Sputnik Тоҷикистон
Шаби шеър: тоҷикон дар Маскав ба забонҳои Рӯдакӣ ва Пушкин шеър хонданд

Ҳамзабононе, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, барои донистан ва пайванди бештар доштан бо таърихи ниёгони хеш ҳар замоне ба шахсиятҳои маъруфи тамаддуни мардуми ориёитабор- Куруши Кабир, Доро, Сосониён, Сомониён, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигарон рӯ оварда, ҳамоишҳо баргузор менамоянд. Ошиқони таърихи ниёгон дар мавридҳои муносиб ба боғи Олимпики шаҳри Сиднейи Австралия ташриф оварда, ба дидори муҷассамаи Куруши Кабир меоянд.
дар толори синамои Донишгоҳи Гриффит (Griffith) ба ёди гиромидошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик, шоири беназири ҷаҳонӣ устод Рўдакӣ ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ бо созу мусиқӣ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0