Боз як марз кушода шуд: дар Спитамен ҳам сарҳади Узбакистон бо Тоҷикистон боз шуд

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкКПП на границе, архивное фото
КПП на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аммо хабари бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбакистон ҳоло тасдиқ нашудааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон боз як гузаргоҳи марзии "Қӯштегирмон" ба кор даромад, ки дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷой гирифтааст.

Бино бар иттилои расонаҳо, ин гузаргоҳ чанд рӯз пештар кушода шуда буд, аммо хабаре дар ин бора мунташир нашуда буд.

Ҳамин тавр, то имрӯз барои равуои шаҳрвандон ва барои гузори худравҳо чор гузагоҳи марзии Тоҷикистону Узбакистон ба кор даромадааст. Дар шаҳри Турсунзода "Дӯстӣ", дар ноҳияи Масчо "Фотеҳобод,  "Патар", дар Конибодом  ва "Қӯштегирмон" дар ноҳияи Спитамен.

Кыргызский пограничник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз баҳс: Тоҷикистону Қирғизистон дар марз пул месозанд

Пештар хабар дода шуд, ки Дар ҳудуди ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Узбакистон гузаргоҳи "Андархлон-Патар" боз шуд.

Қайд мешавад, ки гузаргоҳи "Андархон-Патар", ки чанде боз баста буд, рӯзи 10 феврал барои рафтуомади мардум боз шудааст. Аммо ин хабар ҳоло тасдиқи худро наёфтааст.

Илова мешавад, ки сокинони навоҳии наздимарзӣ ҳуқуқ доранд дар давоми панҷ рӯз дар минтақаи Узбакистон бидуни даъватнома сафар кунанд.

Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки то сафари президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон гузаргоҳи дигар дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ва Самарқанд ба кор хоҳад даромад.

Лентаи хабарҳо
0