Муаррифии раиси нави шаҳри Бӯстон

© Sputnik / Стас ЭтвешПодпись документов, архивное фото
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо ширкати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии роҳбари нави шаҳр баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бо Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018 Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

Раъно Ҳошимзода 29 октябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи раиси нави шаҳри Исфара чӣ медонем

Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Аз соли 1991 ҳамчун омӯзгор, муовини декан оид ба корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозор, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст.

Солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз 6-уми феврали соли 2017 то раиси шаҳри Бӯстон таъин шуданаш дар мансаби муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи амалӣ кардани тағйироти кадрӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон раисони нави шаҳрҳои Бӯстон, Исфара, Турсунзода ва ноҳияҳои Зафаробод ва Мир Саид Алии Ҳамадониро таъйин кард.

Лентаи хабарҳо
0