Фаврӣ: як парвоз аз Душанбе ба Екатеринбург барои 15 соат лағв шуд

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкСамолет компании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ҳавопаймо бояд аз Душанбе ба Екатеринбург соати 06:45 субҳ фуруд меоамад. Ҳоло расман ширкат ё фурудгоҳ далели лағви парвозро эълом накардааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Тавре расонаҳои Русия хабар медиҳанд, як парвози ширкати  "Уральских авиалиний" дар Душанбе ба 15 соат ба таъхир афтодааст.

Ин ҳавопаймо бояд аз Душанбе ба Екатеринбург  соати 06:45  субҳ фуруд меоамад. Аммо тавре аз ҷадвали парвозҳои фурудгоҳи Колтсоваи Екатеринбург маълум аст, ҳавопаймо танҳо имшаб соати 22:00 фуруд хоҳад омад.  Ҳоло расман ширкат ё фурудгоҳ далели лағви парвозро эълом накардаанд.

Вебгоҳи фурудгоҳ танҳо эълом кардааст, ки ҳоло омодагӣ ба парвоз дар Душанбе ҷараён дорад.
Дар рӯзҳои истироҳатӣ хабар дода шуд, ки як ҳавопаймои Русия суқут кард.

Ҳавопаймо дар деҳаи Аргунови вилояти Маскав бо 70 мусофиру сарнишин суқут кардааст. Ҳавопаймо аз фурудгоҳи Домодедово ба шаҳри Орск парвоз мекардааст.

Ба иттилоъи манбаъ, дар дохили ҳавопаймо 65 мусофир ва ҳайъати халабонҳо будаанд.
Ҳавопаймои Ан-148 ба ширкати "Саратовские авиалинии" тааллуқ дошт. Далелҳои пешакии ин ҳодисаро шароити номусоиди ҳаво ва ё хатогии халабон гуфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0