Нигоргарони тоҷик наққошиҳояшонро дар Женева намоиш медиҳанд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Женева. Архивное фото
Города мира. Женева. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагии доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева намоишгоҳи нигоргарони тоҷикро баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ин намоишгоҳ дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии моликияти маънавӣ баргузор мешавад. Онро Намояндагии доимии ҶТ дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи ҳунарҳои тасвирӣ ва тарроҳии Тоҷикистон чорчӯби барномаҳои “Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон роҳандозӣ карданд.

Беназир Ализода - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикдухтари наққош ҳунарашро дар Олмон намоиш медиҳад

Ба иттилоъи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ мудири кулли СҶММ Фрэнсис Гарри, дипломатҳои хориҷӣ ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ширкат кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин намоишгоҳ осори нигоргарони забардасти Тоҷикистон Акмал Миршакар, Анвар Сайфиддинов, Фаррух Хоҷаев, Мизроб Холов, Юсуфҷон Сангов, Беҳрӯз Забиров, Пайрав Гулов, Эраҷ Олимов, Каримҷон Наҷмиддинов, Мамадкарим Рақибов ва ҳамчунин кандакориҳои Абутолиб Ҳайдаров ба намоиш гузошта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0