ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд ҳама гуна пурсишу дарсхости худро ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба воситаи почтаи электоронӣ ва ё телефони боварӣ расонанд.
Тавре вебгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар додааст, муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба почтаи электоронии ravzana-2018@mail.ru ва ё телефони боварӣ — 221-68-16, 221-13-78, 221-11-43, 221-11-71 расидааст, аз ҷониби кумитаҳои муайян ва комиссияи парлумон дида баромада мешавад.
Афзун бар ин дасхосту пурсишҳои мардум саривақтӣ посухи худро хоҳанд ёфт ва дар вебгоҳи маҷлис ва дар маҷаллаҳои даврӣ мунташир хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳаммадато Султонов шуъбаҳои махсуси парлумони Тоҷикистон мутасаддии посух ба суолу дасрхостҳои мардум хоҳанд шуд.
Пештар хабар дода шуд, ки раисони якчанд ноҳияву шаҳрҳо, вазири умури дохилаи Тоҷикистон барои муошират бо мардум телефони боварӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Вайбер ва Вотсап фаъол кардаанд.