Намоҳанги нави Ҷонибек Муродов ба забони украинӣ

Обуна шудан
Овозхони номдори тоҷик Ҷонибек Муродов бо забони украинӣ суруд иҷро кардааст

Номи суруд "Диво" буда дар тарҷума аз забони украинӣ маънои муъҷизаро дорад.

Ин суруд дар бораи ишқи нокоми ду дилдода қисса мекунад.

Матни сурудро Тарас Григорьевич Шевченко навиштаву оҳангашро Александр Яшин эҷод кардааст.

Ин намоҳанг рӯзи 8 феврал тоза дар шабакаи ютуб нашр шудаасту то имрӯз онро наздики шаш ҳазор кас тамошо кардааст.

Ҷонибек Муродов рӯзи 18-уми декабр дар Киев барномаи ҳунарии тозаи худро таҳти унвони"ДИВО" намоиш дод.

Ҷонибек Муродов аллакай суруди "Прощай"-ро ба забони украинӣ сабт ва бо намоҳанги тоза пешниҳод кардааст. Шеъри "Прощай"- ба қалами Иван Франко ва мусиқии он ба Александр Яшин тааллуқ дорад.

Лентаи хабарҳо
0