Раиси нави ноҳияи Зафарободро ба зердастонаш муаррифӣ карданд

© Sputnik / Фируз УмарзодаХуджанд, архивное фото
Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018 Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ раиси ноҳияи Зафаробод таъйин шуд ва Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то кунун дар вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод фаъолият дошт, муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Рӯзи 10 феврал дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод маросими муаррифии роҳбари нави ноҳия баргузор шуд. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифии раиси ноҳияи Зафаробод аз хизматҳои Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ёдоварӣ намуда, саҳми ӯро дар рушди бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия, пеш аз ҳама соҳаи кишоварзӣ назаррас арзёбӣ намуд ва барои фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно кардааст.

Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон додситонҳоро ҷо ба ҷо кард

Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ 21 декабри соли 1961 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик ва дорои маълумоти олӣ мебошад.

Ашӯрзода соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисосҳои агроном ва ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Ашӯрзода Раҷаб фаъолияти кориашро соли 1979 ба ҳайси коргари комбинати матоҳои пахтагини шаҳри Душанбе оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори раёсати кишоварзӣ ва муовини якуми раиси ноҳияи Зафаробод кор кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи амалӣ кардани тағйироти кадрӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон раисони нави шаҳрҳои Бӯстон, Исфара, Турсунзода ва ноҳияҳои Зафаробод ва Мир Саид Алии Ҳамадониро таъйин кард.

Лентаи хабарҳо
0