Ғайбуллоева: дар саҳна ман пурра ба суруд дода мешавам

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМехрона Гайбуллоева участница шоу "Ты супер!", архивное фото
Мехрона Гайбуллоева участница шоу Ты супер!, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Тоҷикистон дар озмуни "Ту беҳтаринӣ" Меҳрона Ғайбуллоеваи 17-сола дар боари омодагиҳояш ба озмун нақл кард

ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Меҳрона бовар дорад, ки омодагиаш барои озмун хуб аст.

"Ман аз ҳунарнамоӣ дар рӯи саҳна ҳаросе надорам, чун дар Тоҷикистон қариб дар ҳамаи ҷорабиниҳо ширкат мекардам", — гуфт Меҳрона Ғайбуллоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мехрона Гайбуллоева участница шоу Ты супер!, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона намояндагӣ мекунад

Ӯ барои иҷрои суруди худ чандин маротиба омодагӣ мебинад.

"Вақте, ки ман ба саҳна мебароям пурра ба суруд дода мешавам ва аз ин худро хушбаст эҳсос мекунам", — гуфт Меҳрона.

Албатта эҳсосоти сурудхонӣ ҳангоми омодагӣ ва ҳунарнамоӣ дар саҳна фарқ мекунанд.

Меҳрона ҳунарнамоиро ҳануз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад. Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0