ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дабирхонаи Иттиҳодияи давлатҳои мустақил пешниҳоди Кумитаи умури ҷавонону варзиши ҶТ барои баргузории мусобиқоти куштии миллӣ дар Тоҷикистонро пазируфт, гуфт Аҳтам Абдуллозода.
“Мо пешниҳод карда будем, ки дар солҳои 2018 – 2021 дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии куштии тоҷикӣ баргузор шаванд ва Дабирхонаи ИДМ пешниҳоди моро дар Барномаи баргузории мусобиқоти варзишҳои миллӣ ҷой дод”, — гуфт раиси Кумитаи умури ҷавонону варзиш.
Бино бар ин тасмимгирӣ, мусобиқоти куштии тоҷикӣ дар Тоҷикистон се сол пайдарҳам баргузор хоҳанд шуд.
“Ҳадафамон ин аст, ки куштии тоҷикиро дар ҷаҳон бишносанд. Мо ҳамакнун қоидаҳои куштии тоҷикиро таҳия дорем ва онҳоро такмил хоҳем кард”, — тавзеҳ дод Абдуллозода.
Вай афзуд, ки Федеросюни куштии миллии Тоҷикистон намояндагиҳояшро дар хориҷ аз кишвар низ хоҳад кушуд.
Раиси Кумитаи умури ҷавонону варзиш ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки имсол дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалии тениси ҷавонон ва мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд.