Купони ҷопонӣ, ё чигуна духтари тоҷик кӯдаконро бо равиши нодир омӯзиш медиҳад

© © SputnikПарвина Турсунова, архивное фото
Парвина Турсунова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқтисодшинос Парвина Турсунова бо баҳрагирӣ аз равиши ҷопонии Кумон маҳорату тавонмандиҳои кӯдаконро афзоиш медиҳад

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik, Фатима Яҳёева. Беш аз 60 сол пеш аз ин риёзидони ҷопонӣ Тору Кумон, ки аз баҳои ду гирифтани писараш нигарон шуда буд, равиши беназири ҳалли мантиқии масъалаҳои арифметикиро падид оварда буд. Бо корбурди ин равиш ин донишманд тавонист на танҳо писарашро дар кӯтоҳтарин муддат “аълохон” кунад, балки як мактаби машҳури худро низ бунёд намояд.

© © Sputnik Дети в образовательном центре "Сёма" в Душанбе
Дети в образовательном центре Сёма в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дети в образовательном центре "Сёма" в Душанбе

Имрӯз бо равиши ӯ беш аз 4 миллион кӯдак дар 49 кишвар таҳсил мекунанд. Равиши Кумон дар Тоҷикистон низ ба кор гирифта шуд: иқтисодшинос Парвина Турсунова аввалин шуда тавонист, ки ин методикаи нодирро дар Душанбе татбиқ намояд. Дар бораи муваффақиятҳои кӯдакон дар ин ҷо ва дар бораи саҳми «худ» дар ин кор, ӯ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон нақл кард.

Аз осонӣ ба душворӣ

Риёзиёт, ба гуфтаи духтар, одатан аввалин ва бузургтарин монеаи хонандагон дар ҷодаи дониш ва муваффақият дар мактаб аст. Маҳз он аст, ки хусусияти фарқкунанда дошта, метавонад кӯдаконро дар синф ба қобилиятнок ва беқобилият, қавӣ ва заиф тақсим кунад.

“Ин дар он вақте рӯх медиҳад, ки арифметикии зеҳнӣ ва мантиқӣ кайҳо боз исбот намудааст, ки кашфи нобиғагӣ дар ҳар як кӯдак бисёр осон, мисли 2-ро бо 2 ҷамъ кардан аст. Аммо, чуноне, ки мегӯянд, ҳар чиз вақту замон дорад – ба арифметикаи мантиқӣ низ бояд дар оғози давраи инкишофи зудҳангоми кӯдак машғул шуд", — таъкид менамояд Парвина Турсунова.

Маҳз бо ҳамин сабаб, аз рӯи гуфтааш, вай, дар шаҳри Душанбе маркази омӯзиши “Сёма” (франшизи шабакаи русии клубҳои омӯзиши кӯдакон) кушода, чунин тасмим гирифтааст, ки шартбандиро дар асоси методикаи ҷопонии Кумон ба анҷом расонад, ки принсипи калидии он пай дар пай зиёд намудани душворӣ, яъне гузариш аз осон ба душвор аст.

«Шумо ҳам, эҳтимол, пай бурда бошед, ки, масалан, ҳангоми тайёр кардани даст барои хатнависӣ дар дафтар, вазифаи аввалини кӯдак ин тоб додани даст аз рӯи нуқтаҳои вуҷуддоштаи офтоб ё гул дар варақ аст. Ба шумо чунин менамояд, ки ин хеле осон аст, вале барои кӯдаки 2-3 сола, ки ҳанӯз қаламро дуруст ба даст гирифта наметавонад, ин кори ғайриимкон мебошад. Агар мо кӯдакро маҷбур кунем, ки ин корро ҳатман иҷро кунад, мо на танҳо дар ӯ ҳисси нобоварӣ ба худ, балки ҳар гуна хоҳиши идомаи таълимро нест хоҳем кард. Махсусан, ин масъала дар давраи синни бӯҳрони томактабӣ, яъне вақти 3 солагии кӯдак, ки ӯ танҳо «ман»-и худро дарк мекунаду ба ҳар чизи нав таваҷҷӯҳ дорад, ба вуҷуд меояд",  — мегӯяд духтар.

Мувофиқи методикаи Кумон, чӣ тавре ки Парвина қайд мекунад, ин дафтар аз чунин вазифа шурӯъ мешавад, яъне кӯдак аввал танҳо кашидани як хати кӯтоҳро меомӯзад. Баъдтар ин хат тамдид гашта, дар байни дафтар хамӣ илова мешавад, ва танҳо дар ниҳояти кор, дар назди кӯдак вазифаи кашидани офтоб ё гул мебарояд.

“Ин усул кӯдакро ба мустақилият талқин дода, иштироки падару модарро дар иҷрои вазифаҳо ӯ ба сифр баробар мекунад. Тамоми чиз хеле оддӣ ва фаҳмо нишон дода шудааст, ки тифл ҳатто барои кумак ба калонсолон муроҷиат намекунад. Барои ин методикаро дуруст роҳандозӣ кардан, мо як муддати муайян бо дигар мактабҳои хориҷии Кумон ҳамкорӣ доштем. Дар натиҷаи ҳамкории 5 моҳҳаи маркази мо дар Душанбе, ба мо муяссар гашт, ки натиҷаҳои хуберо ба даст биёрем. Кӯдакон на танҳо бо хоҳиши бузург ба назди мо барои омӯзиши дигар фанҳо давида меоянд, балки боз хеле мустақил шудаанд, ки ин чиз падару модари онҳоро дар ҳайрат гузоштааст», — бо ифтихор мегӯяд Парвина Турсунова.

Ба номи худ – ба коми дигарон

Аз рӯи гуфтаи худи духтар, ӯ ҳамагӣ як сол қабл ба омӯзгорӣ чунин наздик набудааст, ҳол он ки ба ин методикаи беназир. Вале ҳоло ӯ бо боварии комил мегӯяд, ки дар дилаш бештар омӯзгор аст, аз он ки иқтисоддон.

© © SputnikДети в образовательном центре "Сёма" в Душанбе
Дети в образовательном центре Сёма в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дети в образовательном центре "Сёма" в Душанбе

"Ба рушди барвақти кӯдакон ман ба наздикӣ шуғл кардам: ман ба як портале обуна шудам, ки дар он мақолаҳо дар бораи равоншиносии кӯдакон, хусусиятҳои тарбияти онҳо, усулҳои омӯзиш ва ҳамчунин роҷеъ ба мушкилоти рушд нашр мешуданд. Маро ин ҳама чунон шавқманд кард, ки ба ман дарди кушодани маркази таълимӣ часпид, то ки тавонам дар он таҷрибаи ҷаҳонӣ ва муосири кор бо кӯдаконро татбиқ намоям. Ҳарчанд он замон ман дар Маскав кору зиндагӣ мекардам, аммо фикри худро ман хостам дар ватанам, дар Тоҷикистон амалӣ намояим”, — табассумкунон мегӯяд духтар.

Муҳаббати худро ба Тоҷикистон ӯ дар ҳақиқат пинҳон карда наметавонад –  чашмонаш медурахшанд, вақте ки ӯ дар бораи нақшаҳои ояндаи худ гап мезанад, ки пурра ва комилан ба ватани худ алоқаманданд.

"Ман медонам, ки аксарияти одамон ҳоло Тоҷикистонро тарк мекунанд. Дар ҳақиқат, ман намефаҳмам, чаро онҳо ин корро мекунанд. Охир, касе, ки тайёр аст инкишоф ёбаду дигаронро инкишоф диҳад, инро дар хонаи худ низ карда метавонад. Барои ин кор ба ҷои дигар кӯчидан лозим нест. Медонам, ки шояд касе ба худ савол диҳад, ки дар ин ҷо фазо то кадом дараҷа барои чунин ҳавасмандкунӣ ва ангезаҳои хуби рӯҳӣ фораму мусоид аст? Вале таҷрибаи ман нишон медиҳад, ки кишвари мо онҳоеро, ки омодаанд барои рушду инкишофи ҷамъият саҳмгузор бошанд, ниҳоят дастгирии хуб мекунад. Ман бисёр дастгирии хубро чӣ аз тарафи ҳукумат ва чӣ аз тарафи Вазорати маориф, ва чӣ аз тарафи сарраёсати ноҳияи Шоҳмансур, ки дар қаламрави он ман орзӯи худро амалӣ намудам, эҳсос мекунам. Дар омади гап, гуфтаниям, фикри дастгириро ҳатто соҳибкори маҳаллӣ Эраҷ Вафоев низ дастгирӣ кард. Кумак аз ҳар ҷониб ҳисс карда мешуд”, — таъкид мекунад духтар.

Худи Парвина то бозгашт ба Тоҷикистон дар Маскав кору зиндагӣ мекард. Ба Русия, ба қавли худаш, ӯ ҳанӯз дар кӯдакияш рафта будааст. Ин иродаи волидайни ӯ будааст, вале худи духтар тамоми ашкҳояшро дар ғаму андӯҳи кишвари ҷоноҷонаш рехта будааст.

“Худатон гӯед, оё дар кишварҳои дигар офтоб ҳамин тавр гарму дурахшон аст, чӣ тавре ки дар кишвари мо? Не, охир! Дар ин ҷо ҳама чиз дигар аст: офтоб дигар, одамон дигар ва муҳит дигар. Дар ин ҷо зиндагӣ маънии кулл дорад! Масалан, дар Маскав трофикҳои беохир, фосилаҳои мутамойиз, сардии ҳамешагӣ. Мегӯянд дар кишварҳое, ки офтоб зиёд аст, одамон худро хӯшбахттар эҳсос мекунанд, — хандакунон зикр мекунад духтар. —  Мана, ман ҳам барои хушбахтии худам ба Тоҷикистон баргаштам", — мегӯяд Парвина, ва таъкид мекунад, ки сипосгузории худро аз Русия, ки ба ӯ таълими босифат ва таҷрибаи бою бебаҳое додааст, ҳеҷ гоҳ қатъ нахоҳад кард.

"Охир, вай чунон як кишвари худкофӣ аст. Дар ин ҷо ҳама чиз ҳаст, вале дар ин ҷо — на. Дар он ҷо кӯдакон имкониятҳои хеле зиёд доранд. Мо мегӯем, ки кишвари мо дар марҳилаи рушд аст, аммо барои чӣ бошад, ки на ҳама тайёранд, ки қисме аз ин рушд бошанд. Ман тасмим гирифтам, нақши худро дар ин бибозам, ё чӣ тавре, ки мегӯянд, ба номи худу ба коми дигарон”, — мегӯяд духтар.

Ҳамин тавр, ба қавли худаш, вай дар марҳалаи рушду инкишофи барвақтии кӯдакон таваққуф карданӣ нест. Дар ояндаи наздик Парвина он методикаҳои ҷадиду муосиреро, ки бо шарофати онҳо амиқ омӯхтани чунин фанҳо, мисли кимё ва гиёҳшиносӣ, ба хонандагони маҳаллӣ танҳо хурсандӣ меорад, ва таббохӣ ва ҳунармандӣ, ки метавонанд барои тоҷикдухтарон хеле машғулияти муфид бошанд, татбиқ хоҳад кард.

“Ман боварӣ дорам, ки ҳамеша бояд сармоягузориро ба “одамони худӣ” кард, зеро беҳтарин чиз сазовори одамони наздик аст", — мутмаъин аст духтар.

© © SputnikДети в образовательном центре "Сёма" в Душанбе
Дети в образовательном центре Сёма в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дети в образовательном центре "Сёма" в Душанбе

Ҳоло дар маркази омӯзиши вай зиёда аз 100 кӯдаки маҳаллӣ бо усулҳои пешрафта таҳсил мекунанд. Онҳо на танҳо арифметикаро бо методикаи Кумон меомӯзанд, балки ҳамчунин ба омӯзиши забони англисӣ машғуланд, ба балет мераванд, дар худ малакаҳои театриро инкишоф медиҳанд, давраи терапеяи қӯмиро мегузаранд, ва инчунин мӯҳити зистро аз рӯи методикаи Мария Монтессори меомӯзанд.

Охирин, дар омади гап, ба қавли Парвина, ба кӯдакон ҳуқуқи озодии интихоби роҳи рушд ва инкишофро дода, дар вуҷуди онҳо хоҳиши беҳтар гардонидани зиндагии худро бедор мекунад. Маҳз ба ин сифатҳо, боварӣ дорад вай, насли навини тоҷикистониён ниёзманд аст, ки ба наздикӣ маънии ба номи худу ба коми дигаронро ба хубӣ хоҳад фаҳмид.

Лентаи хабарҳо
0