Сироҷиддин Аслов: Тоҷикистон хостори густариши равобит бо Эрон аст

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон хостори густариши равобит бо Эрон дар ҳама заминаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ аст, гуфт вазири умури хориҷии ҶТ

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷии ҶТ Сироҷиддин Аслов 39-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба давлат ва миллати Эрон табрик гуфт, гузориш медиҳад хабаргузории Форс.

“Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар ҳамеша талош кардааст, то дар симои Эрон ва дар ҳама заминаҳо шарики боэътимод ва дӯсти пойдорро пайдо кунад”, — гуфтааст Аслов дар маросиме ба муносибати солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон дар сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Душанбе.

Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон: Эрон кишвари бародару дӯстамон аст

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар суханрониаш таъкид карда, ки Тоҷикистон “ҳамеша усули дӯстӣ, бародарӣ ва ҳусни эътимодро, ки реша дар тафаккур ва шеваи рӯзгори мардуми куҳанбунёди ду кишвар дорад, гиромӣ медорад” ва умедвор аст “тарафҳо шоҳиди тавсеаи беш аз пеши муносибот дар ҳамаи заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии байни ду кишвар бошанд”.

Аслов ҳамчунин хостори таваҷҷуҳи мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Эрон ба зарфиятҳои истифоданашуда дар заминаҳои гуногун ва ҳамчунин фаъолтар шудани Кумисюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии ду кишвар  дар ҷиҳати густариши бештари равобит шуд.

Вай аҳмчунин ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эронро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ дар заминаҳои мухталиф ва бавижа амнияти минтақаӣ, мубориза бо теруризм, ифротгароӣ, ҷурмҳои созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир таъсиргузор хонд.

Вазири умури хориҷии ҶТ ҳамчунин аз ҳамкориҳои давлати Эрон барои баргузории барномаҳои гиромидошти ёду хотираи шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ ва илмии тоҷик ва бахусус Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров сипосгузорӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0