Атомуҳаммад Нур: шохи ҳукуматро мешиканем!

© gumilev-center.afАтомухаммад Нур, архивное фото
Атомухаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон Атомуҳаммад Нур ҳаводоронашро ба роҳпаймоии ҳамзамон дар 15 вилоят фаро хонд

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Атомуҳаммад Нур ин тасмимро пас аз он эълом кард, ки дар рӯзҳои ахир хабарҳои мухталиф аз бенатиҷа мондани музокироти Ҳизби ҷамъияти исломӣ бо Ҳукумати Афғонистон мунташир шудаанд.

Атомухаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вопасин ҳушдори Атомуҳаммад Нур ба Ҳукумати Афғонистон

Нур дар суханронияш дар шаҳри Мазори Шариф гуфт, ки аз ин пас шеваи додхоҳиро тағйир дода ва фарохони эътирозҳои густарда дар 15 вилоят, аз ҷумла Кобулро эълом кард.

“Бо роҳандозии эътирозҳои густарда дар беш аз 15 вилоят, бавижа Кобул, шох истибдодро шикаста ва гӯшҳои ношунаворо боз хоҳем кард”, — гуфт Атомуҳаммад Нур.

Вай ҳамчунин мавзеъи раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар ҳимоят аз тазоҳуроти паштунҳои Покистонро интиқод карда ва онро мудохила дар умури он кишвар донист. “Ҳамон туре, ки мо дӯст надорем Покистон дар умури мо мудохила кунад, набояд дар умури он кишвар мудоихла кунем”, — таъкид кард ӯ.

Раиси Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон рӯзҳои 27-28 феврал ва 1 мартро замони баргузории роҳпаймоӣ дар 15 вилояти кишвар эълом карда аст.

Лентаи хабарҳо
0