Таркиши газ дар Самарқанд ҷони чанд касро гирифт

© Стас ЭтвешМашина скорой помощи в России, архивное фото
Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
МЧС Узбакистон сабаби таркиши газро истифодаи нодуруст аз он гуфтааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Рӯзи якшанбе дар паи таркиши газ дар яке аз манзилҳои хусусӣ дар вилояти Самарқанди Узбакистон чанд кас ҳалоку чанде ҷароҳатдор шуд.

Дар ин бора равобити умумии МЧС Узбакистон хабар медиҳад.

"Рӯзи ёздаҳуми феврал соати 5.40 ба вақти маҳаллӣ, дар манзиле дар ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд таркиши газ ба амал омаду ошёнаи дуюми хонаро вайрон кард. Дар паи ин ҳодиса чанде ҷон бохтаву чанде захм бардоштанд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир шумораи қурбониён ва осебдидагон муайян карда мешавад.

Тибқи иттилоъи МЧС Узбакистон  сабаби таркиши газ истифодаи нодуруст аз он будааст.

"Барои бартараф кардани оқибатҳои таркиш дар ҷои ҳодиса раҳбарияти ҳокимияти вилоят бо ҷалби намояндагони ВКД, МЧС ва тандурустӣ кор бурда истодаанд", —афзудааст манбаъ.  

 

Лентаи хабарҳо
0