ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҳавопаймо дар деҳаи Аргунови вилояти Маскав бо 70 мусофиру сарнишин суқут кардааст. Ҳавопаймо аз фурудгоҳи Домодедово ба шаҳри Орск парвоз мекардааст.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости хабар медиҳад.
"Ҳавопаймои Ан-148, ки ба Орск парвоз мекард дар ҳудуди ноҳияи Раменски вилояти Маскав суқут кард", — омадааст дар хабарнома.
Ба иттилоъи манбаъ, дар дохили ҳавопаймо 65 мусофир ва ҳайъати халабонҳо будаанд.
Ҳавопаймои Ан-148 ба ширкати "Саратовские авиалинии" тааллуқ дошту аз Маскав ба шаҳри Орск парвоз мекард.
Ба иттилоъи шабакаҳои русӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.