Рамазон Раҳимзода ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ сипоснома фиристод

© Фото : МВД Республики ТаджикистанМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз номи dазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода "Сипоснома" дарёфт кардааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik.  Ин сипоснома дар ҷараёни чорабинии бошукӯҳе, ки аз ҷониби ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шудааст ба раиси ин ноҳия супорида шудааст.

Дар ин бора равобити умумии ВКД хаба медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 9-уми феврал, дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ширкати доираи васеи ҷавонони фаъоли кишвар чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Гурӯҳи ҷавонони фаъол бо роҳбаладии масъулину намоянадгони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор гулбоғи "Баҳорнистон"ро тамошо намуда, аз осорхони таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абдукарими Қурбон, боздид кардаанд. 

Сипас намояндагони ҷавонони кишвар ва аъзои «Авангард», аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва китобу мусаввараҳои ҷолиб, ки ба муносибати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид, дидан намудаанд. 

Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, дар Қасри фарҳанги ноҳияи мазкур ҷамъомади бошукӯх баргузор гардидааст.

Маҳфили идонаро муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҳамкрии зичи ВКД ва ҳукумати ноҳияи Рудакӣ ёдоварӣ кардааст.

Дар ҷараёни чорабинӣ  ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода "Сипоснома"-и Вазорати корҳои дохилӣ супорида шуда, ҳамчунин чанде аз ҷавонони фаъоли кишвар низ бо Сипосномаву Раҳматнома ва Ифтихорномаву дигар туҳфаҳои таъсисдодаи Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0