Мардуми Ванҷ маҳсулоти дастиашонро ба намоиш гузоштанд

© © Sputnik / Амир ИсаевВыставка на празднике Сада, архивное фото
Выставка на празднике Сада, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мардуми ноҳияи Ванҷи ВМКБ маҳсулоти дастиашонро ба намоиш гузоштанд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ба ифтихори ҷашни Сада ва "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар маркази ноҳияи Ванҷ (ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев) намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ асосан маҳсулоти дастӣ, ба монанди бофандагӣ, омода кардани савғотӣ, гулдӯзӣ, кандакории чӯб, қолинбофӣ, сабадбофӣ, мӯҳрабофӣ, сохтани асбобҳои мусиқӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.

Таҷлили ҷашни сада дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши аксӣ аз ҷашни Сада дар шаҳри Хоруғ

Ин амоиш бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо идораву муассисаҳои маҳаллии ноҳия ташкил гардидааст.

Сада чун Наврӯзу Меҳргону Шаби ялдо яке аз ҷашнҳои бостонии ниёкони тоҷикон аст, ки панҷоҳ рӯз пештар аз фаро расидани Наврӯзу Соли нав ҷашн гирифта мешуд. Дар солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, ки дар Эрону Афғонистон расман ба кор меравад, Сада дар рӯзи 10-уми моҳи баҳман фаро мерасад, ки баробар бо 30 — 31 январ дар гоҳшумории милодӣ аст. 

 

 

Лентаи хабарҳо
0