Президент зани рӯзноманигореро сӯхангӯи худ таъин кард

© Sputnik / Стас ЭтвешПодпись документов, архивное фото
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Толгонай Стамалиева, ки ҳамчунин мудири Шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳурро иҷро мекунад, сухангӯи президент таъин карда шуд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раисҷуҳури Қирғизистон  Сооронбой Жээнбенков дар дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон тағйироти кадрӣ ба амал овард ва мудири Шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷроияро сухангӯи президент таъин кард.

"Раисҷумҳур Сооронбой Жээнбеков фармонеро дар бораи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ба имзо расонд. Мувофиқи фармон, бо мақсади мукаммал кардани фаъолияти ниҳод мавқеи дастгоҳи иҷроия муайян карда шуд",-хабар медиҳад дафтари матбуотӣ.

Мувофиқи таркиби нав, Толгонай Стамалиеваи 42-сола мудири мудири Шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, сухангӯи президент таъин карда шуд.

Толгонай Стамалиева риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Қирғизистонро хатм карда, чанде дар расонаҳои давлатии кишвар фаъолият кардааст.

Вай ҳамчунин чанд сол дар дафтари матбуотии парлумони кишвар ва ҳукумати Қирғизистон кор мекард.

Лентаи хабарҳо
0