ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар иҷлосияи Шурои саноатчиён ва соҳибкорони Русия ширкат кард.
Дар рафти иҷлосия роҳбари Комбинати металлургии Новолипетск ба Владимир Путин латифа нақл кард.
"Лифае аз даврони Шуравӣ, ки ҳама онро медонанд: дар рафти маҷлис раиси колхоз гуфт: мавсими кишт наздик мешавад, оҳангар бошад маст аст-бояд коре кард",- ба латифагӯӣ сар кард, Лисин.
Ширкаткунандагони иҷлосия як ба як ба Лисин роҳҳои ҳалли ин мушкилиро нақл мекарданд: табобати оҳангар, аз маош маҳрум кардани вай ё латукӯби муҷрим.
Аммо Лисин ин пешниҳодҳоро қабул накард ва гуфт, ки колхоз як оҳангар дорад.
"Касе даст бардошт ва гуфт, биёед вайро таҷовуз мекунам",- нақлашро давом дод, Лисин.
"Раиси колхоз гуфт "Шумо магар ақли худро хӯрдаед?". Каси дигаре пешниҳоди раиси колхозро қабул кард. Касе пурсид, ки барои чӣ маҳз колхозчиро",- афзуд Лисин.
Ба гуфтаи вай, баъзан дар Русия низ қарорҳо бо чунин тарз қабул карда мешаванд.
Толор ба ханда даромад.
"Володя, ақалан латифаи машҳуреро дар бораи говҷӯшзан нақл мекардӣ, чӣ мавзӯъҳое диққати шуморо ҷалб мекунад",- гуфт Путин.
Худи раисҷумҳури Русия Путин низ баъзан дар баромадҳояш латифагӯӣ мекунад.