ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тавре хабаргузории "Парстудэй" гузориш медиҳад, Раҳбари 77 солаи демократҳо дар Маҷлиси Намояндагони Амрико бо беш аз ҳашт соат суханронии бетанаффус дар ҳимоят аз ҳузури муҳоҷирон дар Амрико, рекорди тӯлонитарин суханронии Конгреси Амрикоро шикаст.
Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, хонум Нанси Пелосӣ рӯзи чаҳоршанбе барои ҷилавгирӣ аз лағви қонуни муҷаввизи иқомати муваққати муҳоҷирон дар Амрико мавсум ба Дакка, дар Маҷлиси Намояндагони ин кишвар ба муддати 8 соату 7 дақиқа суханронӣ кард.
Пелосии 77 сола дар тамоми муддати суханронии худ, ки соат 10:04 дақиқаи субҳ ба вақти Вашингтон оғоз шуд ва соат 6:11 дақиқаи баъд аз зӯҳр поён ёфт, сари по истода буд ва танҳо миқдори каме об нӯшид.
Рекорди қаблӣ ба муддати панҷ соату 15 дақиқа ва мутааллиқ ба Champs Clark, намояндаи демократ буд, ки ҳангоми раъйгирӣ барои қонуни таърифа ва тиҷорат дар соли 1909 сабт шуд.
Раҳбари демократҳои Маҷлиси Намояндагони Амрико дар ин муддат вазъияти бархе аз муҳоҷиронеро, ки аз кӯдакӣ ба сурати ғайриқонунӣ ба Амрико омада ва пас аз солҳо ё даҳаҳо зиндагӣ дар Амрико, акнун дар маърази ихроҷ аз ин кишвар қарор доранд, ташреҳ кард.
Қонуни мавсум ба Дакка, муҷаввизи иқомати муваққатӣ аст, ки дар давраи Барак Обама ба садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ба Амрико дода шуд, аммо давлати Трамп ва ҷумҳурихоҳон мехоҳанд бо лағви ин қонун беш аз 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро аз Амрико ихроҷ кунанд.
Бо вуҷуди ин, ки суханронии тӯлонии Пелосӣ бо таҳсин ва ҳимояти бисёре аз намояндаҳои Ҳизби демократ рӯбарӯ шуда, аммо намояндагони ҷумҳурихоҳ аз ӯ ба далели эҷоди ихтилол дар раъйгирии лағви ин қонун, интиқод кардаанд.