ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикояти Сайфиддин Назарзодаро баррасӣ мекунад, хабар медиҳад як манбаъ аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон.
"Додгоҳи олӣ шикояти собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзодаро аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар парвандаи нақзи Қонуни "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тӯли як моҳ баррасӣ хоҳад кард",- мегӯяд манбаъ аз Додгоҳи олии ҶТ.
Моҳҳои ноябри соли гузашта хабар дода шуд, ки додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Сайфиддин Назарзода, собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба назар нагирифт.
Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии таҷдиди назари ҳукм аз ҷониби Назарзодаро баррасӣ ва тасмим гирифт, ки қарори додгоҳ бетағйир боқӣ гузошта шавад.
Вакили Сайфиддин Назарзода гуфта буд, ин дафъа низ ҳукми додгоҳ нисбати қазияи онҳо ноадолатона буд. Вай афзудааст, онҳо ният доранд, ки аз болои қарори додгоҳ боз шикоят баранд.
Сайфиддин Назарзода, раиси Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар авоили моҳи август ба далели нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз сўйи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин симмат барканор шуд, ки муддаӣ аст ин иқдом ғайримунсифона мебошад.