Қувайту Тоҷикистон ҳамроҳ тиҷорат мекунанд

© Sputnik / А. Игнатов / Гузариш ба медиабонкВид на город Эль-Кувейт сверху
Вид на город Эль-Кувейт сверху - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикисон дар Кувайт З. Зубайдов бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сайид Сулаймон дидору мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва бонкдорӣ, баргузории Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардида, перомуни мавзӯъҳои барои ҳарду ҷониб муҳим табодули афкор сурат гирифт.

Тоҷикистону Қувайт ҷаҳонгардии байналмиллиро баррасӣ мекунанд

Ҳамчунин рӯзи шашуми феврал сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёт Алӣ Юҳа ва Раиси Девони хизмати давлатии кишвари иқомат Аҳмад Холид ал-Ҷассор суҳбат кардааст.

Дар ин дидор ҷанбаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, ба роҳ мандани ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои хизмати давлатии ду кишвар ва табодули таҷрибаи мутахассиcони соҳаи мазкур, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангии ду кишвар ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар баррасӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0