ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дафтари матбуотии ВУД ҶТ хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Деваштич ду мард, ки яке 47-сола ва дигаре 40-сола ҳастанд, ба иттиҳоми даст доштан дар куштор боздошт шудаанд.
Ба иттилоъи ин ниҳод, дар паи баргузории амалиёти бозҷуст, кормандони милиса муайян кардаанд, ки 7 феравл миёни чӯпонони ҷамоати деҳоти Даҳқати ноҳияи Деваштич — Абдувосит Мирзоев, Зуҳриддин Боқиев, Саидмулло Мирзораҳимов ва Баҳром Ҷӯраев дар паи арақхӯрӣ дар канори сойи деҳаи Хишекат ҷанҷол бархостааст.
Дар ин ҷанҷол шаҳрвандон Мирзоев, Боқиев ва Мирзораҳимов шаҳрванд Ҷӯраевро лату кӯб кардаанд. Дар натиҷа Баҳром Ҷӯраев захмҳои сангин бардошта ва дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас, Мирзораҳимов ба дигарон маслиҳат додааст, ки ҷасади Ҷӯраевро ба манзилаш баранд.
"Мирзораҳимов ба гумони ин, ки Мирзоев метавонад наздикони Ҷӯраевро аз ин куштор огоҳ кунад, Боқиевро ҳам таҳрик кара ба ӯ дар меафтонд ва ӯро ҳам лату кӯб кардаанд", — омадааст дар гузориш.
Дар натиҷа Мирзоев низ захмҳои сангин бардошта, дар ҷои ҳодиса ҷон мебозад.
Шаҳрвандон Зуҳриддин Боқиев ва Саидмулло Мирзораҳимов муттаҳам ба қатл шуда ва барои бозҷӯии ин қазия аз рӯи моддаи 104 қисми 2 Қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.